Сиёсати маҷалла
Маҷаллаи илмии «Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ» ҳамчун минбаре барои гуфтугӯи амиқи илмӣ дар бораи равандҳои калидие тарҳрезӣ ва нашр мешавад, ки дар шароити муосир рушди иқтисод ва соҳибкориро муайян менамоянд. Маҷалла аз ҷониби Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфта, аз соли 2025 ба табъ мерасад.
Ҳангоми таъсиси маҷалла, таҳририя аз он баромад, ки масъалаҳои рушди устувор имрӯзро наметавон ҷудогона баррасӣ кард. Иқтисод, соҳибкорӣ, равандҳои иҷтимоӣ, сиёсати давлатӣ, омилҳои гуманитарӣ ва чолишҳои ҷаҳонӣ як низоми ягонаи ба ҳам пайвастаро ташкил медиҳанд. Аз ҳамин сабаб, маҷалла на танҳо ба таҳқиқоти маҳдуди соҳавӣ, балки ба таҳлили байнисоҳавии илмӣ низ равона шудааст.
Маҷалла натиҷаҳои таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ (татбиқӣ)-ро нашр мекунад, ки равишҳои муосири илмиро нисбат ба масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ, иқтисод ва идоракунӣ инъикос менамоянд. Ба корҳои илмие таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, ки дар онҳо умқи назариявӣ, асоснокии методологӣ ва аҳамияти амалӣ ба таври ҳамзамон таҷассум меёбанд.
Самтҳои афзалиятноки нашрияҳо:
- иқтисод ва идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ;
- масъалаҳои рушди устувор ва «рушди сабз»;
- иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ;
- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ;
- молия, низоми бонкӣ ва равандҳои сармоягузорӣ;
- рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо;
- таҳқиқоти гуманитарии марбут ба иқтисод, маориф, сиёсат ва фарҳанг;
- рушди сайёҳӣ ва иқтисоди хизматрасонӣ.
Сиёсати таҳририяи маҷалла бар принсипҳои классикии илми академӣ бунёд меёбад. Ҳар мақола ҳамчун натиҷаи кори мустақили илмии муаллиф баррасӣ шуда, аз тақризгузаронии ҳатмии илмӣ мегузарад. Тақризгузаронӣ бо риояи махфият (анонимият) анҷом ёфта, пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати илмии маводҳои нашршаванда равона мегардад.
Таҳририя пайваста меъёрҳои этикаи нашрро риоя намуда, ба плагиат, худплагиат ва дигар шаклҳои иқтибосбарии ғайриқонунӣ роҳ намедиҳад. Ҳамаи дастхатҳо бо истифода аз низомҳои махсуси ошкоркунии иқтибосҳо санҷида мешаванд.
Маҷалла барои ҳамкорӣ бо муҳаққиқон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо боз аст. Таҳририя бар он назар аст, ки рушди илм бидуни муколама, муқоисаи мактабҳои гуногуни илмӣ ва мубодилаи таҷрибаи таҳқиқотӣ имконнопазир мебошад. Иштироки байналмилалии муаллифон ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани сатҳи илмии нашрия арзёбӣ мегардад.
Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад. Ин равиш доираи хонандагонро васеъ намуда, дастрасии натиҷаҳои илмиро барои аудиторияи васеи академӣ таъмин мекунад. Ҳамаи нашрияҳо бо аннотатсия ва калидвожаҳо ба се забон ҳамроҳ мегарданд.
Масъулият барои муҳтавои мақолаҳо, эътимоднокии маводи воқеӣ, дурустии хулосаҳо ва риояи меъёрҳои академӣ пурра ба зиммаи муаллифон вогузор карда мешавад. Таҳририя ҳуқуқ дорад баъзе мавқеъҳои илмии муаллифонро ҷонибдорӣ накунад, онҳоро дар доираи принсипи озодии баҳси илмӣ ба табъ мерасонад.
Таҳририяи маҷаллаи «Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ» нашрияро на танҳо ҳамчун маҷмуаи мақолаҳо, балки ҳамчун фазои муколамаи илмӣ мешиносад, ки ба рушди илми иқтисодӣ ва амалия равона шудааст. Мо умедворем, ки маводҳои чопшаванда барои муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантон ва мутахассисони амалкунанда, ки ба дарку таҳлили равандҳои муосири иҷтимоию иқтисодӣ таваҷҷуҳ доранд, талаботманд ва муфид хоҳанд буд.