Сиёсати таҳририя
Маҷаллаи илмии «Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ» аз соли 2025 аз ҷониби Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нашр мешавад. Маҷалла дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, ба «Шохиси иқтибосоварии илмии Россия» (РИНЦ) шомил мебошад.
Маҷалла ҳамчун нашрияи махсуси илмӣ таъсис дода шудааст, ки ба таҳлили равандҳои муосири иҷтимоию иқтисодӣ, вобаста ба рушди соҳибкорӣ, иқтисод ва идоракунӣ дар шароити табдили низомҳои иқтисодии миллӣ ва минтақавӣ равона гардидааст.
Марҳилаи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дигар кишварҳои минтақа, бо мураккаб гардидани робитаҳои хоҷагӣ, болоравии нақши соҳибкорӣ ва зарурати гузариш ба моделҳои рушди устувор ва фарогир (инклюзивӣ) тавсиф меёбад. Ин равандҳо бо пайдоиши масъалаҳои нави назариявӣ ва методологӣ ҳамроҳ буда, таҳлили илмӣ ва баррасии низоммандро тақозо мекунанд.
Таҳририяи маҷалла бар он назар аст, ки рушди устувори соҳибкорӣ бидуни баррасии фарогири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, институтсионалӣ ва гуманитарӣ имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, маҷалла ба нашри таҳқиқоте равона шудааст, ки аз доираи мушкилоти танги соҳавӣ берун баромада, доираи васеи масъалаҳои илми иқтисодии муосирро фаро мегирад.
Самти афзалиятноки фаъолияти маҷалла бозтоб додани таҳқиқоти мубрами илмӣ дар соҳаҳои зерин мебошад:
- иқтисод ва идоракунии фаъолияти соҳибкорӣ;
- рушди устувор ва «иқтисоди сабз»;
- рақамисозии равандҳои иқтисодӣ;
- фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ;
- бозорҳои молиявӣ, низоми бонкӣ ва сиёсати сармоягузорӣ;
- рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо;
- илмҳои гуманитарии марбут ба иқтисод, маориф, сиёсат ва фарҳанг;
- рушди сайёҳӣ ва иқтисоди хизматрасонӣ.
Маҷалла барои нашр мақолаҳоеро қабул менамояд, ки ҳам умумисозиҳои назариявӣ ва ҳам натиҷаҳои таҳқиқоти амалӣ (татбиқӣ)-ро дар бар мегиранд ва ба истифодаи амалӣ равона шудаанд.
Бо дарназардошти робитаҳои таърихан ташаккулёфтаи илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Россия, маҷалла ба рушди ҳамкории байналмилалии илмӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳад. Нашри корҳои муаллифони кишварҳои гуногун ба муқоисаи равишҳои илмӣ, густариши уфуқи таҳқиқот ва баланд бардоштани сатҳи илмии нашрия мусоидат мекунад. Таҳририя иштироки байналмилалиро ҳамчун омили муҳими ҳамгироии илми миллӣ ба фазои илмии ҷаҳон арзёбӣ менамояд.
Сиёсати таҳририяи маҷалла ба принсипҳои ростқавлии академӣ, объективияти илмӣ ва озодии баҳси илмӣ асос меёбад. Ҳамаи мақолаҳои ба нашрия воридшуда аз тақриз мегузаранд. Тақризгузаронӣ на танҳо ба интихоби мавод, балки ба баланд бардоштани сифати илмии онҳо низ равона шудааст.
Таҳририя меъёрҳои этикаи нашрро қатъиян риоя намуда, ба плагиат, худплагиат ва дигар шаклҳои иқтибосбардории ғайриқонунӣ роҳ намедиҳад. Ҳамаи дастхатҳо бо истифода аз низомҳои махсуси ошкорсозии иқтибосҳо санҷида мешаванд.
Маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нашр мешавад, ки дастрасии маводи чопшавандаро барои доираи васеи аудиторияи илмӣ таъмин менамояд. Ҳамаи мақолаҳо бо аннотатсия ва калидвожаҳо ба се забон ҳамроҳ мегарданд.
Муаллифон барои муҳтавои мақола, эътимоднокии маълумоти пешниҳодшуда, дурустии хулосаҳо ва риояи талаботи этикаи академӣ пурра масъул мебошанд. Андешаҳои муаллифон метавонанд бо мавқеи таҳририя мувофиқат накунанд, ки ин ҳамчун ҷузъи табиии баҳси илмӣ баррасӣ мегардад.
Таҳририяи маҷаллаи «Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ» фаъолияти худро ҳамчун саҳм дар рушди илми иқтисодӣ, ташаккули кадрҳои илмӣ ва таҳияи тавсияҳои амалӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва минтақа арзёбӣ мекунад. Мо умедворем, ки маводҳои нашршуда барои муҳаққиқон, омӯзгорон, аспирантон ва ғайраҳо муфид хоҳанд буд.