Этикаи нашр
Этикаи нашрии маҷаллаи илмии «Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ» бар меъёрҳои пазируфташудаи ростқавлии академӣ ва принсипҳои байналмилалии раванди нашри илмӣ асос меёбад. Таҳририя риояи стандартҳои этикиро ҳамчун шарти зарурии рушди илм, эътимод ба натиҷаҳои нашршуда ва ҳифзи обрӯи нашрияи илмӣ арзёбӣ менамояд.
Таҳририяи маҷалла барои пешгирии плагиат, худплагиат, таҳрифи маълумот ва дигар шаклҳои амалияи носолими илмӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад. Ҳамаи дастхатҳое, ки ба таҳририя ворид мешаванд, ҳатман бо истифода аз низомҳои махсуси ошкорсозии иқтибосҳо (антиплагиат) барои санҷиши аслӣ будан аз назар гузаронида мешаванд. Нашри маводе, ки дорои маълумоти носаҳеҳ, таҳрифшуда ё сохтакоришуда мебошанд, иҷозат дода намешавад.
Маҷалла ба таври мунтазам нашр шуда, ба риояи қатъии муҳлатҳои муқарраршудаи барориши шумораҳо талош мекунад. Ҳар мақолаи чопшаванда бо аннотатсия ва калидвожаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамроҳ мегардад, ки дастрасии онро барои доираи васеи аудиторияи илмӣ таъмин менамояд.
Ҳамаи мақолаҳо аз тақризгузаронии дукаратаи кӯрона (double blind review) мегузаранд, ки дар он муаллифон ва тақризнависон барои якдигар номаълум мемонанд. Ҳар дастхате, ки ба тақриз пешниҳод мегардад, ҳамчун ҳуҷҷати махфӣ баррасӣ шуда, бе розигии таҳририя ошкор ё ба шахсони сеюм дода намешавад.
Ҳадафи тақризгузаронӣ танҳо интихоби мавод нест, балки мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи илмии нашрияҳо, дақиқ кардани далелу бурҳон (аргументатсия) ва такмили сохтори таҳқиқот мебошад.
Мақолаҳои пешниҳодшаванда ба маҷалла бояд:
- ба профили илмӣ ва мавзуъҳои маҷалла мутобиқат намоянд;
- ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқоти илмиро инъикос кунанд;
- ба аудиторияи касбии илмӣ равона бошанд;
- дорои унсурҳои навоварӣ ва актуалӣ бошанд.
Ба нашр танҳо таҳқиқоти аслӣ ва мустақил, ки қаблан дар дигар нашрияҳо чоп нашудаанд ва ҳамзамон дар дигар маҷаллаҳо дар баррасӣ қарор надоранд, қабул карда мешаванд. Истифодаи ғояҳо, маълумот ва хулосаҳои дигар муаллифон танҳо дар сурати овардани истинодҳои дурусти библиографӣ иҷозат аст. Ҳадди ақали қобили қабул барои аслӣ будани матнро таҳририяи маҷалла муайян мекунад.
Муаллифоне, ки мақоларо ба маҷалла ирсол менамоянд, ӯҳдадоранд:
- натиҷаҳои боэътимод ва санҷишшавандаи таҳқиқоти илмиро пешниҳод кунанд;
- танҳо далелҳо ва маълумоти воқеӣ (аслӣ)-ро истифода баранд;
- ба такроршавии нашрҳо роҳ надиҳанд;
- масъулияти шахсии навоварии илмӣ ва эътимоднокии хулосаҳоро дарк намоянд;
- як дастхатро ҳамзамон ба чанд нашрия ирсол накунанд.
Ҳамаи дастхатҳо пеш аз ирсол ба тақриз барои аслӣ будан санҷида мешаванд. Таҳририя плагиати мустақим, худплагиат, иқтибосбарии нодурусти ғояҳо, маълумот, ҷадвалҳо ва тасвирҳо, инчунин баланд бардоштани сунъии фоизи аслӣ будан бо роҳи амалҳои техникии тағйирдиҳӣ дар матнро қатъиян қабул надорад.
Ба сифати натиҷаи кори мустақили илмӣ пешниҳод кардани матне, ки асосан ё пурра тавассути зеҳни сунъӣ (ИИ) тавлид шудааст, инчунин истифодаи зеҳни сунъӣ барои ташаккули хулосаҳои илмӣ ва тафсири натиҷаҳо бе иштироки муаллиф, қобили қабул дониста намешавад. Масъулияти муҳтавои мақола ҳамеша ба зиммаи муаллиф мемонад.
Таҳририя метавонад дар ҳолатҳои зерин аз нашри мақола худдорӣ намояд:
- номувофиқатии мавзуъ ва муҳтавои мақола ба профили маҷалла;
- набудани рӯйхати адабиёти истифодашуда ё нокифоя будани он;
- ороиши нодурусти аннотатсияҳо ва калидвожаҳо;
- паст будани сифати дастгоҳи илмӣ ё ороиши мақола;
- ошкор шудани плагиат, худплагиат ё дигар нақзи меъёрҳои этикаи нашр.
Таҳририяи маҷаллаи «Масъалаҳои рушди устувори соҳибкорӣ» аз принсипҳои эҳтиром ба заҳмати муаллиф, масъулият назди ҷомеаи илмӣ ва талош барои ташаккули фазои кушодаи баҳси илмӣ пайравӣ мекунад. Риояи меъёрҳои этикаи нашр ҳамчун ӯҳдадории умумии таҳририя, муаллифон ва тақризнависон баррасӣ шуда, истифодаи технологияҳои муосир ҳамчун воситаи рушди илм дониста мешавад, на ҷойгузини фаъолияти таҳқиқотӣ.